Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду таркиши хунин дар вилоёти қабиланишини Покистон


Дирӯз бар асари 2 таркиши алоҳида дар сарзаминҳои қабиланишини Курам ва Вазиристони ҷанубии Покистон дастикам 21 нафар, бо шумули як вакили собиқи парлумони он кишвар кушта шуданд. Як маргталаб ба масҷиде дар Вано, маркази Вазиристони ҷанубӣ замоне ҳамла кард, ки толибилмон машғули омӯзиши Қуръон будаанд. Ин инфиҷор 16 нафарро кушта ва беш аз 30 тани дигаро захмӣ ба ҷо гузошт.Дар таркиши Вано вакили собиқи парлумон Мавлавӣ Нурмуҳаммад низ ҷон бохтааст.
Дар рустои Хумсари Курам бар асари таркиш 5 тан кушта ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд. Ин минтақа яке аз саҳнаҳои рӯёрӯии байни сунниҳову шиъаҳо маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG