Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Сипанто аз дӯстии Амрико бо Покистон


Як мақоми аршади афғон аз Амрико даъват кард, дӯстиаш бо Покистонро бозбинӣ кунад. Рангин Додфар Сипанто, собиқи вазири хориҷа ва феълан мушовири амнияти миллии Афғонистон, дар матлабе дар рӯзномаи “Вошингтон Пост” Покистонро ба ҳимоят аз Ал-Қоида ва дигар ифротгароёни исломӣ ва пешбурди бозии дугуна бо Амрико айбдор кард.
Сипанто гуфтааст, ки сиёсати Покистон сабаби рӯ задани хушунатҳое шуд, ки ба навбаи худ, мизони пуштибонӣ аз Ғарб дар ҷанги Афғонистонро коҳиш дод. Сипанто бо ин кишвари, ба бовари ӯ, мураббии терроризм, барои мушорикат оғӯши иштибоҳӣ кушодани Вошингтонро “хатои стротежӣ” номид.
Покистон аз давлати Толибон пуштибонӣ мекард, вале бо тағйири ҷабҳа баъд аз ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 худро муттаҳиди Амрико дар ҷанг бо террор эълон кард.
XS
SM
MD
LG