Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаи хунини гаравгонгирӣ дар Манила


Фоҷиаи 12-соатаи гаравгонгирӣ дар Манила, пойтахти Филиппин, дирӯз бо ҳалокати гаравгонгир ва 8 тан аз мусофирони автобусе, ки ӯ асир гирифта буд, поён ёфт.
Гаравгонгир як афсари собиқи пулис буд, ки то ҳамлаи пулис ва кушта шуданаш аз тири снайпер 8 сайёҳ аз Ҳонгконгро сари тир кард. Мақомот мегӯянд, ки ин марди мусаллаҳ автобусро бо 25 мусофираш гаравгон гирифта буд, аммо то шурӯъи тирандозӣ 9 гаравгонро раҳо кард. Аммо барои раҳоии боқии гаравгонон ӯ барқарор шуданаш ба мақоми афсари пулисро шарт гузошт.
XS
SM
MD
LG