Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 гаравгон дар амалиёти полиси Манила


Бар асари амалиёти мақомоти полиси Филиппин барои раҳоии гаравгонҳои автобус 7 тан аз гаравгонҳо ва одамрабо Роналдо Мендоза ба ҳалокат расиданд. Чаҳор нафар ҷон ба саломат бурданд. Аз ин пеш бар асари гуфтушунид 8 тан аз мусофирон - сайёҳон аз Чин раҳо шуда буданд.
Роналдо Мендозаи 55-сола, ки қаблан аз сафи полис хориҷ шуда буд, баъд аз гаравгон гирифтани сайёҳон, талаб кард, ки ӯро дар мақомаш барқарор кунанд. Музокирот баъд аз 12 соат бо ҳамлаи полис ба автобус поён ёфт. Ба иттилоъи расмӣ, кормандони полис дар мавриди ҳуҷум ба автобус баъд аз он тасмим гирифтанд, ки Мендоза ду сайёҳро ҳадафи тир қарор дод.
XS
SM
MD
LG