Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Филиппин ному насаби одамраборо ошкор кард


Мақомоти полиси шаҳри Манила, пойтахти Филиппин, ному насаби шахсеро, ки мусофирони автобусро гаравгон гирифта буд, ошкор карданд. Роналдо Мендозаи 55-сола қаблан дар полис кор мекард.
Амалиёти наҷоти гаравгонҳо баъд аз 12 соати музокирот поён ёфт – дар ин ҳодиса Роналдо Мендоза ва ду тан аз гаравгонҳо ба ҳалокат расиданд. 16 нафар бидуни осеб автобусро тарк намуданд, зимнан 9 нафари онҳоро Мендоза қабл аз ҳуҷуми полис ба автобус раҳо карда буд.
Кормандони полис дар мавриди ҳуҷум ба автобус баъд аз он тасмим гирифтанд, ки Мендоза ду сайёҳро ҳадафи тир қарор дод. Ба иттилоъи расмӣ, Роналдо Мендоза барои қонуншиканиҳояш аз сафи полис ронда шуда буд.
XS
SM
MD
LG