Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон намоиши силсилафилми мустанадеро таҳти унвони «Ҷодаи қисмат» дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ ва музокироти сулҳ тавассути телевизионҳои кишвар шурӯъ кард. Ин филм вокунишҳои мухталифи коршиносонро ба бор овардааст.

Комрон Сафаров, муовини раиси телевизиони Тоҷикистон ва аз муаллифони филм тайи сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «Ҷодаи қисмат» идомаи анъанавии ҳамон силсилаҳоест, ки ҳар сол дар арафаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон аз телевизионҳои кишвар пахш мешавад:

«Ҳадаф пеш аз ҳама нишон додани роҳи тайкардаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст».

Силсилафилми нав аз 19 қисм иборат аст ва ҳар яке як соли истиқлолияти Тоҷикистонро дарбар мегирад. Пахшаш ҳар бегоҳ аз 19 август то 6 сентябр тариқи телевизионҳои Шабакаи аввал, Ҷаҳоннамо, Сафина ва «Баҳористон» ҷараён хоҳад ёфт.

Нигоҳи яктарафа ба таърих?

Солҳои қабл чунин филмҳо аз таърихи кишвар эътирози мухолифони ҳукумат, бахусус Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба миён оварда буд. Ин ҳизб, ки худро як ҷониби сулҳи тоҷикон меҳисобад, аз кам нишон додани нақшаш дар ин раванд борҳо изҳори норизигӣ кардааст.

Комрон Сафаров ин эътирозҳоро беасос мехонад ва мегӯяд, ҳадаф танҳо ёдовар шудани таърихи гузашта аст: «Мо аз суханронии президенти Тоҷикистон иқтибос овардаем, ки гуфтаанд: «Ин ҷанг ғолиб надорад. Ғолиб танҳо мардуми Тоҷикистон аст». Мо ҳам аз рӯи ҳамин меъёр кор кардем, ашхоси мушаххасро намеорем ва ин силсилафилм бо услуби солшуморӣ омода шудааст».

Дар ҳамин ҳол, коршинос мегӯянд, зарурат ба ҳамчунин филмҳо, ки ҳамасола таҳия мешаванд, намондааст, зеро мӯҳтавои онҳо қобили эътимод нест ва ба ҷуз аз ситоишу таблиғи як нафар — раисҷумҳури Тоҷикистон хулосаи дигаре надоранд.

Лаҳзае аз маросими имзои созишномаи сулҳ миёни ҷонибҳои даргир дар шаҳри Маскав. Акс аз хазина
«Мардум бештар медонад»


Марат Мамадшоев, коршиноси тоҷик мегӯяд, далели аввали нокомии ин силсилафилмҳо муғризона буданашон аст: «Мардум бештар аз он медонад, ки телевизион нишон медиҳад. Бисёр лаҳзаҳое, ки дар хотираи мардум монда, дар телевизион таҳриф мешаванд. Аз ин хотир мардум вақте ҳақиқатро намебинад, ба ин нимҳақиқате, ки нишон медиҳанд, бовар намекунад».

Муаллифони «Ҷодаи қисмат» мегӯянд, маводи филм аз хазинаи телевизион ва ахбори расонаҳои чопии давлатии 19 соли ахири Тоҷикистон гирифта шудааст. Комрон Сафаров мегӯяд, танҳо аз ахбор истифода кардаанд, на маводи таҳлилӣ. Ба қавли ӯ, таърихи истиқлолияти Тоҷикистон ҷанбаҳои омӯзандаи зиёд дорад, ки дар силсилафилм омадаанд.

Таҳияи филми таърихӣ бе таърихнигорон

Аммо Нуралӣ Давлатов, аз муҳаққиқони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, шак дорад дар барномаҳои зиёде, ки ҳамасола дар арафаи Ҷашни Ваҳдат ва истиқлолияти Тоҷикистон таҳия мешаванд, ягон таърихнигори касбӣ ширкат кунад:

«Дар аксар ҳолат инҳо ҳамон хабарҳои расмиро мегиранд ва бидуни таҳлили амиқ ё ки бидуни омӯзиши ин масъала ҳамин хел нақл мекунанд, ки ин буду он буд. Аммо намегӯянд, ки чаро чунин буд ва кӣ буду чӣ кард ва чаро кард. Ба ин суолҳо ҷавоб нест. Хронологияро мегиранд, бо ҷумлаҳои содда баён мекунанд ва онҳоро ба видеоряду аксҳо пур мекунанд».

Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, таърихнигорони имрӯзи тоҷик мекӯшанд бо ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 сарукор нагиранд, ба он хотир ки бархе аз қаҳрамонҳои калидӣ зиндаву сари коранд. Аммо ба қавли онҳо, силсилаи филмҳо, ки таърихи истиқлолияти Тоҷикистонро тасвир мекунанд ва шахси раисҷумҳури Тоҷикистон муҳим намоиш медиҳанд, ба иддае аз мардум таъсири мусбат мегузорад ва дар онҳо бадбинӣ ба ҷанг ва эҳтиром ба ҳукумати имрӯзаро ба вуҷуд меорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG