Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 21 нафар дар ду таркиш дар Покистон


Бар асари ду инфиҷори ҷудогона дар Вазиристони ҷанубӣ ва дар ноҳияи қабиланишини Куррами Покистон 21 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, як маргталаб худро дар масҷиди шаҳри Вана, маркази Вазиристони ҷанубӣ, тарконид. Дар ин ҳодиса дасти кам 16 кушта нафар, аз ҷумла, Мавлавӣ Нур Аҳмад, узви пешини парлумони Покистон, кушта шуданд. Беш аз 30 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Аз ин пеш бар асари таркиш дар мактаби деҳаи Хомсаи минтақаи қабиланишини Куррам панҷ нафар ба ҳалокат расида ва даҳ каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Инфиҷор дар ҳоле рӯх дод, ки сарони қабоил бо ҳам мулоқот мекарданд.
XS
SM
MD
LG