Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғаффоров: Фирор аз сӯи се маҳбус тарҳрезӣ шуда буд


Дар Тоҷикистон амалиёти ҷустуҷӯи 25 маҳбуси аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии кишвар фироркарда идома дорад. Дар ҳама роҳу шоҳроҳҳо постгоҳҳои иловагии милиса таъсис шуда, ҳама мошинҳо тафтиш карда мешаванд.
Қосимҷон Ғаффоров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе хабари шаби гузашта бар асари бемасъулиятии нозирон аз боздоштгоҳ фирор кардани 25 маҳбусро иқрор кард ва афзуд, ки дар ин ҳодиса нозир Каримов кушта ва ду нозири дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Қосимҷон Ғаффоров афзуд, ки ин ҳамла аз сӯи се нафар – шаҳрвандони Тоҷикистон Иброҳим Насриддинов ва Ҳикмат Азизов ва шаҳрванди ҷумҳурии Доғистони Русия Муҳаммад Аҳмадов пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд.
Ба иттилоъи Кумитаи амнияти миллӣ, маҳбусон ҳамон шаб ба боздоштгоҳи вазорати адлия низ ҳамла карда, 4 нозиронро куштанд ва савори мошинҳо Душанберо тарк намуданд.
Ба иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, миёни маҳбусони фироркарда Абдурасул Мирзоев - бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллии Тоҷикистон, писарони генерал Мирзо Зиёев ва бародарони фармондеҳи пешини мухолифин Неъмат Азизов низ ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти оҷили мақомоти қудратӣ дар робита ба фирор аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дастур дод, ки маҳбусон ҳарчӣ зудтар ошкор ва боздошт шаванд. Бо амри раисиҷумҳур ситоди фаврӣ таъсис шуд, ки ба он вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоров раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG