Пайвандҳои дастрасӣ

Тошканд шаҳрвандони Қирғизистонро раҳо кард


Мақомоти Ӯзбакистон ёздаҳ шаҳрванди Қирғизистонро, ки барои интиқоли маводи тарканда боздошт буданд, раҳо карданд. Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, шаҳрвандони кишвар расо як моҳ пеш ҳангоми интиқоли 40 тона маводи таркандаи як корхонаи кимиёвии Тоҷикистон дар постгоҳи марзии Ҷавағу боздошт шуда буданд. Музокироти ҳайати вазорати умури хориҷаи Қирғизистон бо мақомоти Тошканд барои раҳоии шаҳрвандони Қирғизистон чанд ҳафта идома кард.
Маводи тарканда мансуб ба ширкати "Киргизгеолотехкомлект" аст ва барои инфиҷор дар конҳои маъдан истифода мешавад. Таалай Кудушев, як тан аз масъулини ширкат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки маводи тарканда ҳамоно дар Ӯзбакистон боқӣ мондааст ва гуфтушунидҳо барои бозгардони он идома дорад.
Мақомоти ширкати "Киргизгеолотехкомлект" гуфтаанд, ки аз ин пеш маводи тарканда аз Тоҷикистон ба Қирғизистон тавассути қаламарви Ӯзбакистон интиқол меёфт ва мушкиле дар миён набуд.
XS
SM
MD
LG