Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манзил дар болои бом


Хонаводаи сокини деҳаи Бағуи ноҳияи Рушон Назархудо Назархудоев, ки манзили зисташон аз сел зарар дидааст, зиёда аз ду ҳафта боз дар болои бом рахти хоб густарда, шабро рӯз мекунанд. Ба гуфтаи соҳибхона, тайи ин муддат барояшон ягон кӯмак ва ҳатто хаймае нарасидааст, ки дар он муваққатан сар паноҳ кунанд.

Ба гуфтаи Умедаи 12 сола, болои бом ҳанӯз гарм аст, аммо хонавода интизор дорад, ки пеш аз даркубии сардиҳо ва бо расидани кӯмак, ҳар чӣ тезтар аз нороҳатии чангу ғубор ва газидани хомӯшакҳо халос меёбанд ва барои дарсхонӣ дар соли нав соли нави таҳсил барояш шароит муҳайё мешавад.

Cелзадагони ниёзманди кӯмак


Сел бошандагони чаҳор хонаводаи деҳаро аз манзилашон берун сохта, кӯпруки мошингардро канд ва роҳи нақлиётиро баст.Тахрибшавии пул бар асари сел дар 17 километрии канораи масири Душанбе –Хоруғ ва таъхир дар бартарафсозии оқибатҳои офат, рӯзгори сокинони деҳоти води Бартанги ноҳияро, ки шумораашон ба 10 ҳазор нафар мушкил сохтааст.

Ба гуфтаи Хуҷаниёз Назришоев, дар деҳаи наздики Ратм низ сел ба 10 хонавода зарар расондааст.Вай гуфт, ки бар асари масдудшавии роҳ, нархи орд дар деҳоти дар муҳосираи наҳлиёти монда, ба таври бесобиқа боло рафта, қимати як халта ба 150 сомонӣ расидааст.

Хуҷаниёз баён кард, сокинони деҳоти дурдаст, маҷбур ҳастанд, ки зиёда аз 80 километр роҳро пойи пиёда тай кунанд ва молу маводро пуштора баранд.

Ба гуфтаи сокинон, бинобар масдуд будани роҳи нақлиёт, хафви дар оғози соли таҳсил бе маводи пӯшока ва асбобу анҷоми хониш мондани талабагон вуҷуд дорад.

Сокини шаҳри Душанбе Довуд Мискинов мегӯяд, ки баста будани роҳ, азми қатъии вай ва писарашро барои дидорбинии хешу табораш, ки дар наздикии кӯли Сарез зиндагӣ мекунанд, шикаста натавонист ва онҳо тайёранд, беш аз 80 километрро пиёда тай кунанд.

Довуд изҳори таассуф мекунад, ки аммо келин ва духтаронаш, ки чанд рӯз дар Гармчашма табобат гирифтанд, аз орзуи дидорбинӣ бо хешовандон ҷиҳати баста будани роҳ маҳрум монданд ва ба Душанбе баргаштанд.

Ба иттилоъи ситоди ҳолатҳои изтирории ноҳия, бар асари сел ва обхезии рӯзҳои ахир, 37 манзили истиқомати, аз ҷумла 15-тоашон пурра зарар диданд.

Бартанг марав, ки роҳи Бартанг хатар аст,
Равмеду Хиҷез зи чоҳу зиндон батар аст.


Агарчанде дар даврони собиқ шӯравӣ ба сӯи деҳоти Бартанг роҳҳо сохта шуданд, аммо нороҳатии сафар дар ин роҳҳои камбар ва ноҳамвор мусофиронро водор месохт, ки ҳамеша аз эҷодиёти даҳонии халқ дар мавриди душвории сайру сайёҳат ба Бартанг ёдовар шаванд.

Сокинон мақомотро муқассир медонанд

Аммо агар он вақт роҳи деҳоти Бартанг фақат зимистон ба муддати муайян баста мешуданд ва тобистон кӯмак тез мерасид, тайи солҳои охир бартарафсозии сел ва обхезӣ дар тобистон зиёда аз як моҳ низ идома доштааст.

Камбуди маблағи нигаҳдории роҳҳо ва техникаи фарсудашуда сабабҳои кашолакорӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офат дар ин роҳ арзёбӣ мешаванд. Ба гуфтаи масъулини идораи роҳҳои Бадахшон, роҳи Бартанг ҳанӯз ба феҳрасти роҳи аҳамияти маҳаллӣ дохил мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сафар ба Сарез ва деҳоти Бартанг, ки беш аз пеш бо табиати зебо ва ҳунарҳои боқимондаи қадимаи мардуми мавриди ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони зиёди дохилу хориҷӣ кишвар қарор мегиранд, аз ин роҳ мегузарад.

Ба гуфтаи сардори ситоди ҳолатҳои изтирории ноҳия Абдулназар Навбаҳоров, пули деҳаи Бағу дар зудтарин фурсат барқарор мегардад, аммо сел дар 80 километрии роҳи Бартанг низ пули мошингардро вайрон сохтааст ва барои барқарорсозии он вақти зиёдтар лозим меояд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳаи Ҷизеви Бартанг, ки ду моҳ пештар сел ягона пули пиёдагарди болори рудро бурда, онҳоро дар муҳосира қарор дод, ҳар гуна умеди барқарор гардидани пулро то оғози соли таҳсил аз даст доданд. Ба иттилоъи ситод ,корҳои барқарорсозии пули ин ҷо кор ҷараён доранд.

Аммо сокинон, Бартангро гӯшаи фаромушшудаи Бадахшон меноманд ва мақомотро муттаҳам месозанд, ки барои ҳалли мушкилоти он иқдоми ҷиддӣ намекунад.

Ба гуфтаи сокинон, ҳангоме, як соҳибкор дар мулоқот бо раиси ҷумҳур аз баста будани роҳҳҳои Бартанг сухан кард, мақомоти маҳалли ба ҷойи ҷидду ҷаҳди бештар нишон додан дар тоза кардани роҳ, аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурияви маъракаи таблиғотӣ ба роҳ монданд.

Ба гуфтаи онҳо, агарчанде ҳанӯз бештари сокинон аз бероҳи ранҷ мекашиданд, аммо намоиши роҳҳои тахту ҳамвори Бартанг ва ҳаракати бемонеъи нақлиёт тамошобинони оинаи нилгунро мутақид сохт, ки мушкилот дар ҷодаҳои Бартанг куллан рафъ шудааст.
XS
SM
MD
LG