Пайвандҳои дастрасӣ

Сиёвуш дар Сингапур барои медали биринҷӣ мубориза мебарад


Муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров

Муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров

Дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур Сиёвуш Зуҳуров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи бокс дар вазни то 91 килограмм аз рақибаш Фабио Турчии итолиёвӣ, ки ба финал баромад, бо ҳисоби 0:7 шикаст хӯрд.

Сиёвуш 24-уми август бо муштзани Туркия Умит Кан Патир барои медали биринҷӣ талош хоҳад кард. Воқеан, муштзани Туркия, ки дар нахустин қувваозмоиаш бар варзишгари Русия Александр Иванов бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда буд, дар даври баъдӣ аз намояндаи Куба Лениер Перо бо ҳисоби 0:6 мағлуб гардид.

Фабио Турчии итолиёвӣ 25-уми август дар қувваозмоии ниҳоӣ бо Лениер Перои кубагӣ барои медали тилло мубориза хоҳад бурд.

Варзишгари дигари тоҷик - Даврон Атобоев дар давидан ба масофаи 200 метр дар даври ниҳоӣ дар гурӯҳи «С» бо натиҷаи 22,24 сония мақоми дуввумро касб кард. Вале дар ҳисоби умумӣ байни 26 варзишгари 4 гурӯҳ дар ҷои 14-ум қарор гирифт.

Дар сабқати давидан ба масофаи 200 метр байни мардон, Зенйи Хие (Чин) бо натиҷаи 21,22 сония мақоми аввалро касб кард. Кейсуке Ҳомма (Ҷопон) бо натиҷаи 21,27 сония дуввум шуд. Патрик Домогала (Олмон) бо натиҷаи 21,36 сония ҷои севумро азони худ намуд.

Боз як намояндаи Тоҷикистон Абдуқодир Баротов, ки ба сабқати ниҳоии гурзандозӣ роҳ ёфта буд, 23-юми август дар гурӯҳи «В» бо натиҷаи 65 метру 82 сантиметр байни 7 нафар севум шуд. Вале ин натиҷаи нишондодаи Абдуқодир нисбат ба ширкаткунандагони сабқати гурӯҳи «А», ки бо ширкати 8 нафар шоми душанбе баргузор мешавад, хеле паст аст.

Ёдовар мешавем, ки дар Олимпиадаи наврасон дар Сингапур ду варзишгари тоҷик - Шукрона Шарифова дар риштаи таеквон-до WTF медали биринҷӣ ва Баҳодур Қодиров дар гуштии озод медали нуқра ба даст овардаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG