Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъмулан мақомоти Русия ҳар навъ эътирозҳои муташаккил ё созмонёфтаро сахтгирона саркӯб мекунанд. Аммо ин дафъа вазъ андаке дигар хел буд. Мақомоти шаҳри Маскав ба эътирозгарон иҷозат доданд дар майдони марказии ба номи Пушкин консерт баргузор кунанд, аммо баъдан ин тасмимашонро лағв намуда гуфтаанд, ки эътирозгарон метавонанд танҳо гирдиҳамоӣ ташкил диҳанд.

Наздик ба 2000 нафареро, ки ба майдон ҳозир шуданд ба таври маъмулӣ сафҳои сершумори кормандони интизомӣ бо муҳимоти махсуси зиддиэътирозӣ ва мошинҳои милиса мунтазир буданд.

Тазоҳургарон шиори "озодӣ" сар медоданд

Ширкаткунандагони гирдиҳамоиро маҷбур карданд аз дастгоҳҳои кашфи фулоз гузаранд.

Ҷамъомадагон шиори “озодӣ” медоданд. Онҳо бар муқобили шоҳроҳ аз миёни қаламравӣ ҷангали Химки воқеъ дар шимол-ғарбӣ Маскав эътироз мекарданд.

Бо вуҷуди он, ки кормандони милиса яке аз ташкилдиҳандагони консертро ҳоло дар оғозӣ гирдиҳамои боздошт намуданд ва овардани асбобҳои мусиқиро ба майдон манъ карданд, раҳбари гурӯҳи маъруфи ДДТ Юрий Шевчук бидуни микрофон ва танҳо бо гитараи маъмулӣ суруд хонд.

Вай ба ҷамъомадагон гуфт, ки бо сабаби он дар эътироз шикрат намуд, ки табиати Русия нобуд шуда истодааст:

“Ман мехоҳам бигӯям, ки мо овозхонон мехостем ба хотири дифоъ аз табиат, даштҳо, ҷангалҳо, рудхонаҳо ва кӯли Байкал танҳо як консертеро доир кунем. Ҷангали Химки барои ҳар як нафар ба рамзе мубаддал гашт.”

Шевчук яке аз мунақидони ошкорои мақомоти кишвар, моҳи март ҳангоми ширкаташ дар вохӯрӣ бо Владимир Путин нахуствазири кишвар таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб карда буд. Он дафъа Шевчук ошкоро ба Путин гуфт, ки раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Русия аз ҷониби неруҳои амниятӣ саркуб мешаванд.

Моҳи июл ба раҳпаймоии муҳофизони ҷангали Химки гурӯҳи ошубталаб ё анархистон ва дигарон ҳамроҳ шуда ба сӯи бинои ҳукумати маҳалӣ гоз ва санг партоб карда тирезаҳояшро шикаста буданд.

Александр Ким, яке аз муҳофизони фаъоли ҷангали Химки гуфт, ки ҷангали Химки барои он шаҳрвандони Русия, ки барои ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд ба рамзи муқовимат табдил ёфт.

“Аз ҳама чизи муҳим ин аст, ки мардум дар ҳақиқат мехоҳанд ҷангалро дифоъ кунанд. Ман танҳо ба хотири ин имруз дар инҷоам.”

Тазоҳургарон истеъфои Путинро талаб мекарданд

Қаблан нерӯҳои милиса ҳомии ҳуқуи инсон Левон Пономаревро дар майдони Пушкин боздошт карданд. Вайро дар ташкили раҳпаймоии сабтношуда муттаҳам мекунанд, чунки дар авалли он рӯз наздик ба 100 нафар кӯшиш карданд аз маркази Маскав бо парчами бузурги Русия раҳпаймоӣ кунанд. Онҳо мехостанд рӯзи Парчами Русияиро ҷашн гиранд.

Полис наздик ба 20 ширкаткунандагони ин раҳпаймоиро аз ҷумла Борис Немтсов- собиқ муовини нахуствазири кишварро низ боздошт намуд.

Немтсов ба хабаргузории Асошиэйтед Пресс гуфт, тасмими манъ кардани ин раҳпаймоӣ руҳияи ҳукумати Владимир Путинро нишон медиҳад.

”Парчам ин рамзи озодӣ ва демократия аст аммо, на барои Путин" афзуд ӯ.

Фаъолон иҷозатнома доштанд аммо полис мегӯяд, ки Немтсов ва дигар ташкилкунандаи раҳпаймоӣ Михаил Шнейдер барои кӯшиш ташкили раҳпаймоии ғайриқонунӣ боздошт шудаанд.

Рӯзи шанбе дастикам 3000 нафар дар вилояти Калининград зимни гирдиҳамоӣ истеъфоӣ Владимир Путин ва баргашт ба интихоботи раҳбарони вилоятҳоро талаб намуданд.

Аммо шумораи эътирозгарон соли ҷорӣ аз эътирозҳои як сол қабл ба таври чашмрас камтар буд. Январи соли гузашта дар гирдиҳамоии ҳамсон дар Калининград наздик ба 10 000 нафар ширкат намуда буд.
XS
SM
MD
LG