Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия мегӯяд, ки нирӯҳои амниятиаш нафари гумонбар дар ташкили бомбгузориҳои пурқурбонии моҳи март дар ду истгоҳи метрои Маскавро рӯзи шанбе дар ҷумҳурии ошӯбзадаи Доғистон, дар Қафқози шимолӣ, ба ҳалокат расондаанд. Муҳаммадалӣ Ваҳҳобов, ба гуфтаи мақомоти рус, дар байни 5 чирикие буд, ки дар як задухӯрд дар рустои Ғуниби Доғистон кушта шуданд.

Қарори маълум, бар асари бомбгузорӣ дар ду истгоҳи метрои пойтахти Русия дар рӯзи 29 марти соли ҷорӣ, 40 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ваҳҳобов-рамзи якпорчаагии чирикҳо

Кумитаи миллии зиддитеррори Русия, ҳалокати як ҷангии баландпоя дар Доғистон, яке аз ҷумҳуриҳои ошӯбзадаи минтақаи Қафқози шимолиро тасдиқ кард. Ба гуфтаи мақомот, Муҳаммадалӣ Ваҳҳобов ҳамроҳ бо 4 чирикӣ, дигар рӯзи шанбе дар ҷараёни як амалиёти вижа дар рустои Ғуниб, дар ҷануб-ғарби пойтахти Доғистон шаҳри Махачқалъа, дар манзиле кушта шуд, ки ӯву ҷангиёни дигар дар он паноҳ мебурданд.

Аммо сомонаҳои марбут ба чирикиҳои Қафқози шимолӣ бо такя ба манобеъи русӣ мегӯянд, ки Ваҳҳобов дар зодгоҳаш – рустои Губдени Доғистон кушта шудааст.

Лиз Фуллер, таҳлилгари Радиои Озодӣ дар умури Қафқози шимолӣ мегӯяд, Муҳаммадалӣ Ваҳҳобов дар низоми раҳбарии Аморати худхондаи Қафқози шимолӣ, ки чирикиҳо эълон кардаанд, баъд аз Доку Умаров дар мақоми дуввум меомад.

Лиз Фуллер мегӯяд: “Муҳаммадалӣ Ваҳҳобов яке аз фармондеҳони саҳроии насли ҷавон, ки ба дунболи ихтилофи назари байни чирикиҳо дар авоили моҳи равон ба сафи пеш гузашт. Вақте 4 фармондеҳи чечен гуфтанд, ки дигар ба Доку Умаров итоат намекунанд, Ваҳҳобов амалан баъд аз Умаров ба фармондеҳи рақами ду табдил ёфт. Ӯ садоқати шахсиаш ба Умаровро изҳор дошта, аз боқӣ ҷангиён низ даъват кард, чунин кунанд.”

Кумитаи миллии зиддитеррори Русия мегӯяд, амалиёти Ғуниб нишон дод, ки “ягон василае наметавонад раҳзанҳоро аз теғи ҷазо барои кирдорашон наҷот диҳад.”

Таҳиягари таркишҳои мудҳиш

Муҳаммадалӣ Ваҳҳобов, мулаққаб ба Амир Сайфуллоҳ, дар ташкили бомбгузориҳои рӯзи 29 март дар ду истгоҳи метрои Маскав – “Парк Култури” ва “Лубянка”, ки 40 кушта ва беш аз 100 захмӣ ба ҷо гузошт, айбдор мешуд.

Бино ба иддаои мақомоти амниятии Русия, Ваҳҳобов шавҳари Марям Шарипова, яке аз ду зани маргталаби доғистонист, ки худро дар метро мунфаҷир карданд. Яке аз маргталабон худро дар истгоҳи “Лубянка” тарконд, ки дар фосилаи ҳамагӣ чанд метр аз дафтари марказии ФСБ, Хадамоти федеролии амнияти Русия қарор дорад.

Кумитаи зиддитеррор мегӯяд, ки Ваҳҳобов дар як пойгоҳи ҷангиён дар Покистон тамрин гирифта, бо гурӯҳҳои байналмилалии терористӣ робита дошт. Бино бар ин баёния, Ваҳҳобов дар ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои чирикӣ ва ташкили тамрини бомбгузорони маргталаб низ ширкати фаъол дошт.

Маскав ӯро ҳамчунин ба даст доштан дар ташкили як силсила ҳамлаҳо алайҳи нирӯҳои амниятии Русия ва роҳҳои оҳан айбдор мекунад.

Аммо Лиз Фуллер, таҳлилгари Радиои Озодӣ мегӯяд: “Ӯ пеш аз ҳама аз як марди низомӣ дида, бештар ҳамчун идеологи ҷиҳод маъруф буд, чунки дар Покистон таълим гирифтааст. Ӯ афроди ҷавонро ҷалб карда, ва онҳоро ҳамчун ҷангӣ тамрин медод, аммо дар бораи таҷрубаи ҷангии худи ӯ шавоҳиди хеле каме дар даст ҳаст.”

Бино бар тарҷумаи ҳоле аз Муҳаммадалӣ Ваҳҳобов, ки дар моҳи равон дар як сомонаи чирикиҳо нашр шуд, ӯ моҳи апрели соли 1975 ба дунё омада, 35 сол доштааст.

Ин маълумот дар сомонаи як гурӯҳи мавсум ба “Ҷамоати шариат” нашр шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи 23 июли соли ҷорӣ, додгоҳи шаҳри Душанбе сокини Доғистон Аҳмад Султонов ва сокини Хуҷанд Толибҷон Солиевро ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳарду аз ҷумла ба узвият дар гурӯҳи “Ҷамоати Шариат” ва талоши ҷалби афрод барои идомаи ҷиҳод дар Қафқози шимолӣ муттаҳам мешуданд.

XS
SM
MD
LG