Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабари ҳамлаи мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққат дар шаҳри Душанбе, кушта шудани 5 нафар аз посдорон ва фирори 25 нафари дигар аз маҳбусонро, зимни нашри як хабари фаврӣ, тавассути хабаргузории миллии "Ховар" тасдиқ кардааст.

Дар ин хабари оҷили "Ховар" аз қавли Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ омадааст: "Рӯзи 22 августи соли 2010, соати 22-10 дақиқа гурӯҳи ҷинояткорон, ки дар маҳбасхонаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳ дошта мешуданд, дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва ба вазифаҳои хеш хунукназарона муносибат кардани нозирони маҳбасхона яроқҳои онҳоро тасарруф намуда, ба онҳо ҳуҷум намуданд. Дар натиҷа яке аз нозирони маҳбасхона кушта шуда, 25 нафар маҳбусони яроқнок либосҳои худро бо либосҳои ҳарбии саҳроӣ иваз намуда, аз маҳбасхона фирор намуданд.

Соатҳои тақрибан 01-10 дақиқаи рӯзи 23 август ин гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон ба дидбонгоҳҳои маҳбасхонаи тафтишотии Вазорати адлия ҳуҷум намуда, 4 нафар нозиронро ба қатл расонида, бо истифода аз нақлиёти автомобилӣ ба самти номаълум ғайб заданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ баҳри муайян кардани самти ҳаракат ва дастгир кардани ин гурӯҳи ҷинояткорон ҳайати шахсии худро ба ҳолати омодабош гузаронида, тадбирҳои бетаъхири фаврӣ-ҷустуҷӯӣ андешида истодаанд.
Бо мақсади ошкор ва дастгир намудани ҷинояткорон Ситоди фаврӣ бо роҳбарии Вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-полковники милитсия Абдураҳим Қаҳҳоров таъсис дода шудааст".

Дар ҳамин ҳол, манобеъи ғайрирасмӣ хабар додаанд, ки дар миёни маҳбусони фироркарда Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллии Тоҷикистон, писарони Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва бародарони Неъмат Азизов низ ҳастанд.

Бино бар маълумоти манобеъи дигар, ҳамроҳ бо ин афрод ҳамчунин чанд тан аз 46 нафаре, ки ахиран дар чаҳорчӯби парвандаи рӯйдодҳои Тавилдара ҳукми зиндон гирифтанд, низ фирор кардаанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта 44 нафарро бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои тобистони соли гузашта дар Тавилдара ба мӯҳлати аз 10 то 30 сол ва 2 тани дигар аз онҳоро барои умрбод маҳкум ба зиндон кард.

Дар миёни фирориён ҳамчунин писарони Мирзо Зиёев ва бародарони Неъмат Азизов, ки барои даст доштан дар ҳодисаҳои соли гузашта дар шарқи Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, низ ҳастанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ду писари Мирзо Зиёевро ба 28 ва 30 солӣ аз озодӣ маҳрум карда буд.

Дар ҳоли ҳозир, барои боздошти маҳбусони фирорӣ нерӯҳои ва назоратии вазорати умури дохила ва Кумитаи амнияти милии сафарбар шудаанд. Дар пойтахт, шаҳри Душанбе ва роҳҳои атрофи шаҳр посгоҳҳоро башиддат тақвият додаанд ва тамоми мошинҳоро тафтиш мекунанд.

Бино ба охирин хабарҳои тайидношуда дар ҳудуди ноҳияҳои Файзобод ва Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон миёни посгоҳҳои милиса ва афроди ношинохта даргирӣ ба вуҷӯъ пайваста аст. Аммо ҳоло маълум нест, ки ин афроде, ки бо нерӯҳои милиса даргир шудаанд, маҳбусони фирорӣ ҳастанд ва ё не.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентии Тоҷикистонро рӯзи 20 июли соли ҷорӣ ба муддати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Ӯ дар талоши барои табадуллоти давлатӣ, нигаҳдории силоҳ ва бархе дигар амалҳои ғайриқонунӣ муҷрим дониста шуд.

Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ ва раиси собиқи Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, дар таърихи 12 январи соли равон аз Дубай ба Душанбе истирдод шуд.

Мақомоти Тоҷикистон Абдурасул Мирзоевро дар як силсила ҷиноёти сангин муттаҳам карда, қаблан се корхонаи марбут ба ӯ - корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхонаи “Ҷоми Ҷамшед” ва мағозаи “Кооператор”-и шаҳри Кӯлобро давлатӣ карданд.

Худи Ғаффор Мирзоев дар соли 2004 боздошт шуда, соле баъд ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG