Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоии тарафдорон ва мухолифони Маркази исломӣ


Тарафдорон ва мухолифини тарҳи бунёди Маркази фарҳанги исломӣ дар наздикии маҳалли ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк дар минтақаи Манҳеттени ин шаҳр раҳпаймоиҳои алоҳида барпо карданд. Мухолифони тарҳ таронаҳои ватандӯстона хонда, аксҳое аз ҳамлаҳои хушунатомези ифротгароёни исломиро ба намоиш гузоштанд.
Тарафдорони тарҳи сохтани Маркази исломӣ, ки ду кӯча дуртар гирди ҳам омаданд, ба ҳусни таҳаммул ва озодии дин даъват мекарданд. Дар бораи кадом даргирие байни тазоҳургарон гузориш нашудааст. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз бунёди Маркази исломӣ, ки намозгоҳро ҳам дар бар мегирад, ҳимоят кард, вале ҷумҳурихоҳон ба он мухолифанд.
XS
SM
MD
LG