Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Ровӣ ҳанӯз як сол қабл фирор кардааст


Муовини вазири адлияи Ироқ Бушо Иброҳим иқрор кард, ки нафари маҳкумшуда барои қатли корманди созмони байналмилалии имдодӣ Маргарет Ҳасан дар соли 2004 ҳанӯз қариб як сол қабл аз зиндон фирор кардааст. Бушо Иброҳим гуфт, таҳқиқот маълум кард, ки Алӣ Лутфӣ ал-Ровӣ аз зиндони марказии Бағдод, ки қаблан ҳамчун Абу Ғурайб маъруф буд, дар сентябри соли 2009 фирор кардааст ва маҳалли будубошии кунунии ӯ маълум нест. Ӯ афзуд, фирори маҳбус дар рӯзҳои ошӯби зиндониён сурат гирифта, бовар меравад, ки зиндонбонҳо ба фирори ӯ мусоидат кардаанд.
Хонаводаи Маргарет Ҳасан ахиран дар бораи фирори ал-Ровӣ садо баланд кард, чунки мақомот ба маҳзи пайдо нашудани ӯ чандин бор бознигарии парвандаашро ба таъхир гузоштанд.
XS
SM
MD
LG