Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди обхезиҳои нав дар ҷануби Покистон


Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Покистон аз тарси обхезиҳои ҷадид рӯ ба фирор овардаанд. Таҳдиди обхезиҳои нав 3 ҳафта баъд аз обхезиҳоест, ки дастикам 1600 кушта ба ҷо гузошт ва ба рӯзгори қариб 20 миллион нафар осеб расонд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи ба маризии дарунрав гирифтор шудани беш аз 200 000 ва ба амрози роҳҳои нафас печидани ҳамин теъдоди дигар хабар медиҳад.
Созмони ғизову кишоварзии СММ мегӯяд, бар асари офоти табиӣ дастикам 200 000 сар ҳайвонот низ алакай ҳалок шудаанд.
Ва Сандуқи байналмилалии пул гуфт, ки имрӯз музокиротро бо мақомоти Покистон ҷиҳати бозбинии будҷа ва дурнамои молии он кишвар шурӯъ мекунад.
XS
SM
MD
LG