Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти ҳомиёни ҷангали Химкӣ дар қалби Маскав


Дирӯз то 2000 тазоҳургар дар майдони Пушкин дар маркази Маскав дар ҳузури нирӯи қавии пулис ба нишони эътироз ба буридани як бахши ҷангали Химкӣ раҳпаймоӣ карданд. Мақомоти Русия мехоҳанд шоҳроҳи нави Маскав-Санкт-Петербургро тавассути ин ҷангали нодир бисозанд.
Тазоҳургарон мехостанд, дар майдон консерти мусиқии рок ҳам барпо кунанд, вале пулис монеъи ба маҳалли таҷаммӯъ даровардани созҳои мусиқӣ шуд. Юрий Шевчук, овозхони маъруфи гурӯҳи “ДДТ” гуфт, ки онҳо мехостанд ба нишони ҳимоят аз табиати Русия консерт бидиҳанд. Ба назари ӯ, Химкӣ ба як рамзи мубориза барои ҳифзи табиат табдил ёфтааст.
Пулиси Маскав дирӯз ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар Лев Пономарёв ва муовини собиқи сарвазири Русия Борис Немтсовро бо иттиҳоми ташкили тазоҳуроти дигари бидуни иҷозат боздошт кард. Онҳо мехостанд Рӯзи Парчами миллии Русияро таҷлил кунанд.
XS
SM
MD
LG