Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдуллоев имрӯз худ ба шикоёти мардум гӯш хоҳад дод


Дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, имрӯз дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки бо иштироки раҳбарони навоҳии тобеи марказ ва идораҳои давлатӣ баргузор мешавад, Маҳмадсаид Убайдуллоев арзу шикояти сокинонро аз наздик баррасӣ мекунад. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, сокинон метавонанд шикоётеро, ки дар сатҳи раисони навоҳӣ ва муовинони раиси шаҳр натавонистаанд ҳалл кунанд, бо шаҳрдор дар миён гузоранд. Қабл аз ин шаҳрдорӣ эълом дошта буд, ки омодааст ҳар арзу шикоёти сокинони пойтахтро аз тариқи почтаи электронии раиси шаҳри Душанбе ҳам қабул ва ба онҳо расидагӣ кунад.
XS
SM
MD
LG