Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавсими 70-уми театри опера бо "Рӯдакӣ" шурӯъ мешавад


Театри миллии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, ки имсол 70-сола мешавад, мавсими ҷашниашро бо операи “Рӯдакӣ” шурӯъ хоҳад кард. Сомонаи телевизиони “Мир”, ношири ин хабар мегӯяд, операи “Рӯдакӣ” аз солҳои 70-уми асри гузашта ба ин сӯ намоиш дода мешавад ва тайи ин муддат ба як корти муаррифии театри ба номи Айнӣ табдил ёфтааст. Баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон тайи 18 сол ин опера аз репертуари театр хориҷ шуда буд, вале ба муносибати ҷашни 1150-солагии шоир онро дубора ба саҳна гузоштанд. Мудири театри опера ва балети ба номи Айнӣ Холаҳмад Маҷидов “Рӯдакӣ”-ро шоҳкори операи тоҷик номидааст. Аммо то соли оянда, қарор аст, дар ин театр операи наве аз рӯзгори Абӯалӣ Ибни Сино низ рӯи саҳна биояд.
XS
SM
MD
LG