Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай:Бо Толибон музокироти расмӣ анҷом намегирад


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, миёни ҳукумати кишвараш ва Толибон ҳеҷ музокироти расмии сулҳ баргузор нахоҳад шуд, бо вуҷуди он ки ба гуфтаи вай, "тамосҳои инфиродӣ" бо Толибон вуҷуд дорад. Дар мусоҳибае бо телевизиони ABC-и Амрико Карзай гуфт, дар бораи дурнамои музокироти сулҳ бо он бахши Толибон, ки бо Ал Қоида нестанд, роҳи "рӯшане" ба назар намерасад. Карзай афзуд, дар сурати баргузории музокирот занон саҳми бечуну чаро дар музокирот хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG