Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико метавонад дар Ироқ амалиёти таҳоҷумиро аз сар гирад


Генерал Рей Одиерно-фармондеҳи аршади нируҳои Амрико дар Ироқ имрӯз дар мусоҳибае бо телевизиони CNN гуфт, нируҳои амниятии Ироқ барои таъмини амният дар кишварашон омодаанд ва нируҳи амрикоӣ метавонанд соли оянда аз ин кишвар хориҷ шаванд. Вале вай афзудааст, агар анҷоми амалиёти таҳоҷумӣ зарур шавад ва нируҳои амниятии маҳаллӣ дар анҷоми он ноком шаванд, нируҳои Амрико метавонанд баргарданд. Ин изҳороти Одиерно дар ҳоле садо медиҳад, ки охирин бригадаи таҳоҷумии Амрико баъд аз 7 сол Ироқро тарк кард. То поёни соли 2011 тақрибан 50 000 нируи Амрико дар Ироқ боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG