Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Исроил ва Амрико ба реактори ҳастаии Эрон


Амрико мегӯяд, таъмини сӯхт барои ниругоҳи ҳастаии Эрон тавассути Русия нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон зарурате ба ғанисозии уран надорад. Дарбӣ Ҳолледеу-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, Амрико қабул дорад, ки реактори сохтаи Русия дар Бушеҳр барои тавлиди нируи ҳастаӣ пешбинӣ шудааст ва Вошингтон ин корхонаро хатари густариши аслиҳаи ҳастӣ намедонад. Аммо Исроил кишвари муттаҳиди Амрико аз додани сӯхт ба корхонаи ҳастаии Эрон интиқод кард ва онро "комилан ғайри қобили қабул" хонд. Даниел Ҳершковитс-вазири улуми Исроил гуфт:

"Ман фикр мекунам, ки Эрон на танҳо хатаре ба Исроил, балки хатар барои тамоми ҷаҳон, барои тамоми ҷаҳони озод аст".

Изҳороти Амрико ва Исроил баъд аз он садо дод, ки Эрон дар ҳузури бозрасони Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ сӯхти ҳастаии фароҳамовардаи Русияро ба реактори худ рехт ва фаъолияти корхонаи ҳастаиаш оғоз ёфт.
XS
SM
MD
LG