Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон мехоҳанд дар Маскав консерт баргузор кунанд


Фаъолони ҳуқуқи башари Русия ба нақша гирифтаанд, ки консерти мануъэълоншудаи гурӯҳи рокро баргузор кунанд. Мақомоти интизомии Маскав анҷоми раҳпаймоиро иҷоза додаанд, вале мухолифон мехоҳанд, ки дар ҷараёни ин раҳпаймоӣ аз хиёбоне ба сӯи ҷангали Химки дар майдони ба номи Пушкин консерт низ баргузор кунанд. Бими он меравад, ки пулис ин ҳамоишро пароканда кунад. Созмондиҳандагони консерт мегӯянд, афроди номаълум ба мошине, ки таҷҳизоти мусиқиро ба сӯи майдони ба номи Пушкин мебурд, ҳамла кардаанд. Лев Пономарёв-раҳбари гурӯҳи ҳуқуқи башар мегӯяд, Михаил Шнейдер-яке аз аъзои гурӯҳи мухолифон мавсум ба "Солидарност" боздошт шудааст. Чунин равишро онҳо ҳушдоре ба созмондиҳандагони консерт медонанд.
XS
SM
MD
LG