Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷелина Ҷолӣ дар филми ошиқонаи Балкан нақш меофарад


Анҷелина Ҷолӣ-ҳунарманди синемои Ҳолливуд эълон кард, ки вай иҷрои нақшеро дар як филми ошиқона дар Сараево-пойтахти Босния барномарезӣ кардааст. Вай дар ин бора рӯзи шанбе дар ҷараёни боздиди ғайримунтазираи худ аз Сараево хабар дод. Боздиди вай аз Сараево ҳамчун сафири сулҳи UNHCR ё Кумиссариёи Олии СММ дар умури паноҳандагон сурат мегирад. Дар эъломияи хаттии UNHCR омадааст, ин филм ҳикояте аз зиндагии ду ҷавон аст, ки дар остонаи ҷанг якдигарро дӯст доштаанд ва дар он нишон дода мешавад, ки ҷанг ба сарнавишти баъдии ин ду дӯстдошта чӣ асар гузоштааст. Дар филм ҳамчунин ҳунармандон аз кишварҳо ва аз миллиятҳои Югославияи пешин нақш меофаранд.
XS
SM
MD
LG