Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҳавопаймои бесарнишини Эрон муаррифӣ шуд


Имрӯз Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон дар бораи нахустин ҳавопаймои бесарнишин ва дурпарвози сохти дохилии худ хабар дод. Ҳангоме, ки вай бо гурӯҳе аз мақомоти расмии Эрон сӯҳбат мекард, гуфт, ки ин ҳавопаймои низомӣ ҳам барои тарсондан ва ҳам барои ҳадафҳои дифоӣ пешбинӣ шудааст. Ин ҳавопаймои бесарнишин бо номи Каррор дар рӯзи миллии саноати дифои Эрон муаррифӣ шуд ва ҷараёни маросимро аз телевизиони давлатӣ ба таври зинда пахш карданд. Дар бораи тавоноии ин ҳавопаймо то ҳол маълумот дар даст нест.
XS
SM
MD
LG