Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП дар рафъи оқибати селобҳо ба Покистон кӯмак мекунад


Сандуқи Байналмиллалии Пул мегӯяд, рафъи оқибатҳои ногувори селобҳои бесобиқаи Покистон "чолишҳои густардаи иқтисодӣ"-ро пеш овардааст ва ин муассисаи молии ҷаҳон ба будҷаи Покистон ва дурнамои молии ин кишвар мурур хоҳад кард, то роҳҳои беҳтари пешрафт ва кӯмак ба ин кишварро пайдо кунанд. Дар як эъломияи хаттӣ Масъуд Аҳмад-раиси бахши Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Сандуқи Байналмиллалии Пул гуфтааст, ин муассиса дар марҳалаи душвор бо Покистон хоҳад буд ва ба ин кишвар кӯмак хоҳад кард, то пайомадҳои селобро рафъ созад.
XS
SM
MD
LG