Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Исроил ба оғози сӯхтгузорӣ дар нерӯгоҳи Бушаҳр


Дар ҳоле, ки ИМА ва Бритониё эълом кардаанд, роҳандозии нерӯгоҳи атомии Бушаҳр боиси афзоиши нигарониҳо дар заминаи тавлиди ҷангафзорҳои ҳастаӣ дар Эрон намешавад, Исроил истифодаи Эрон аз энержии ҳастаиро «ғайри қобили қабул» донистааст.


Исроил нигарон аст

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, сухангӯи вазорати хориҷаи Исроил рӯзи шанбе дар вокуниш ба роҳандозии нерӯгоҳи атомии Бушаҳр, ин иқдомро «комилан ғайри қобили қабул» арзёбӣ карда ва хостори фишори бештар ба Эрон барои водоштани ин кишвар ба мутаваққиф кардани ғанисозии уронюм шудааст.

Дар баёнияе, ки аз сӯи сухангӯи вазорати хориҷаи Исроил дар ин ин бора мунташир шуда, омадааст: «Ин комилан ғайри қобили қабул аст кишваре, ки ошкоро (муъоҳидаҳои байналмиллалӣ)-ро вайрон мекунад, аз самароти энержии ҳастаӣ бархурдор бошад».

Сӯхтгузории нахустин нерӯгоҳи атомии Эрон, рӯзи шанбе дар маросиме бо ҳузури мақомҳои эронӣ ва русӣ дар Бушаҳр анҷом шуд. Ин нерӯгоҳ дар канори дигар марокизи эъломшудаи ҳастаии Эрон, зери назари Ожонси байналмиллали энержии ҳастаӣ фаъолият мекунад.
Мақомҳои исроилӣ ҳамвора аз барномаи ҳастаии Эрон ба унвони таҳдиде барои амнияти худ ёд карда эълом кардаанд, ҳарчанд аз талошҳои диплумотик барои ҳали масъалаи ҳастаии Эрон ҳимоят мекунанд, аммо истифода аз нерӯи низомиро барои ҳали ин масъала аз дастури кори худ хориҷ намекунанд.

Ғарбиҳо хатаре дар роҳандозии нерӯгоҳи Бушаҳр намебинанд

Ин дар ҳолест, ки сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар вокуниш ба сӯхтгузории неругоҳи атомии Бушаҳр гуфтааст: «Мо бовар дорем, ки реакторҳои Бушаҳр барои таъмини нерӯи ҳастаии ғайри низомӣ тарроҳӣ шуда ва ба он ба унвони хатаре дар ҷиҳати паҳн кардани ҷангафзорҳои ҳастаӣ нигоҳ намекунем.»

Вай дар айни ҳол афзудааст: «аммо роҳандозии ин нерӯгоҳ бори дигар нишон медиҳад, ки агар ниятҳои Эрон сирфан сулҳомез аст, ниёзе ба эҷоди зарфияти ғанисозии бумӣ надорад

Ҳамчунин Бритониё дар вокуниш ба сӯхтгирии нерӯгоҳи атомии Бушаҳр эълом кардааст, ҳарчанд «ҳақи Эронро барои сохти нерӯгоҳҳои ҳастаӣ» ба расмият мешиносад, аммо нигарониҳо дар бораи барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунон побарҷост.

Дар ин миён, масъули матбуотии Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ, рӯзи шанбе дар вокуниш ба роҳандозии нерӯгоҳи Бушаҳр бо судури баёнияе эълом кардааст : «Ожонси байналмиллали энержии атомӣ ба таври муназам нерӯгоҳи атомии Бушаҳр дар Эронро бозрасӣ мекунад.»

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: «Ожонс дар чаҳорчуби низоми деринаи худ иқдомоти мутаносибро анҷом медиҳад.»

Кишварҳои ғарбӣ ва ба вижа ИМА, Эронро муттаҳам мекунанд, ки дар пӯшиши барномаи ҳастаии худ, ба дунболи дастёбӣ ба технологияи лозим барои сохти силоҳҳои атомӣ аст, иттиҳоме ки Эрон онро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG