Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи шанбе, дар шаҳри Севани Арманистон, раҳбарони шаш кишвари узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мулоқотҳои дуҷониба ва чандҷонибаи худро идома доданд. Вазъи Қирғизистон ва нақши ин созмон дар эътидоли вазъи ин кишвар, аз мавзӯъҳои меҳварии нишасти ғайрирасмии сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ будааст.

Хабарнигори бахши армании радиои Озодӣ дар дафтари Ереван дар як сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ки ба чунин мулоқотҳо рӯзноманигоронро роҳ надодаанд ва дар бораи натиҷаҳои чунин мулоқотҳо ба матбуот низ тақрибан хабар дода намешавад.

Мулоқотҳои дур аз чашми хабарнигорон

Бо вуҷуди ин, Саркис Ҳарутунян-телефонӣ аз Ереван ба мо гуфт:

"Тибқи хабари дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Арманистон, имрӯз руасои ҷамоҳир аз Ереван берун рафтанд, дар шаҳри Севан дар наздикии Ереван қарор доранд ва дар он ҷо мулоқотҳои дуҷониба баргузор мешавад, маълумоти дигари мушаххас дар ин бора надодаанд".

Дар посух ба пурсиши дигари мо ки, натиҷаҳои аслии мулоқоти ин раҳбарон чӣ аст вай афзуд:

" Натиҷаи аслии мулоқоти расмии Ереван ин аст, ки президенти Русия эълон дошт, ки дар чаҳорчӯбаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, бояд механизмҳои муасссир ба вуҷуд ояд ва ин созмон бояд барои рафъи бӯҳронҳо аз салоҳияти бештар бархурдор бошад.

Баъд аз мулоқоти умумӣ, ки дуву ним соат давом кард, эъломияе мунташир сохтанд, ки то моҳи декабр кишварҳои узви ин созмон пешниҳодҳои худро дар бораи боло бурдани салоҳиятҳои Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ мефиристанд".

Баҳси Қирғизистону Белорус бар сари истирдоди Боқиев

Ҷойи ёдоварист, ки дар чунин нишаст бори нахуст Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури нави Қирғизистон низ ширкат дорад. Вай дар яке аз суханрониҳои ахири худ, аз Белорус тақозо кард, ки Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршударо ба Қирғизистон баргардонад.

Вале ҷониби Беларус ба ин дархост посухи рад дода буд. Ҳоло, ки дар мулоқотҳои Ереван ва Севани Арманистон Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус низ ширкат дорад, оё миёни ин ду раиси ҷумҳур -Роза Отунбоева ва Александр Лукашенко низ мулоқот баргузор хоҳад шуд ва онҳо чӣ масъалаҳоро баррасӣ мекунанд?

Дар сурати баргузории чунин мулоқот оё мсъалаи истирдоди Боқиев аз Беларус ба Қирғизистон матраҳ мешавад? То ҳол ин суол беҷавоб боқӣ мондааст.

"Гармӣ" дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия

Вале дар силсилаи мулоқотҳои дуҷонибаи миёни раҳбарон, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев низ муҳим ба назар мерасад, зеро дар давоми бештар аз як соли ахир, муносиботи миёни ин ду кишвар низ марҳалаи хуберо паси сар накардааст.

Мухолифати ноаёни Русия ба сохтмони неруӯгоҳи барқи обии Роғун, боло бурдани нархи фурӯши фаровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистон ва қатъи пахши барномаҳои шабакаи телевизионии РТР Планетаи Русия ва аз ин қабил масъалаҳо, муносиботи ду кишварро сард карда буд.

Ҳоло баъд аз мулоқоти дуҷониба, ИТАР-ТАССи Русия иттилоъ додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Медведев дар бораи пахши барномаҳои ин телевизион дар қаламрави Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд.

Оқои Раҳмон пешниҳод кардааст, ки барномаҳои телевизионии Тоҷикистон низ ҳамин тавр дар қаламрави Русия пахш шаванд, зеро дар ин кишвар шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд. Вале дар бораи назари ҷонибҳо роҷеъ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ё неругоҳҳои дигар маълумот дода намешавад.



XS
SM
MD
LG