Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50 000 нафар аз шаҳри Дандонги Чин кӯч дода шуданд


Бештар аз 50 000 нафар аз Дандонг-шаҳре дар шимоли шарқи Чин ба ҷойҳои дигар кӯч дода шудаанд. Баъд аз боронҳои шадид оби рӯдхонаи фаромазирии миёни Чину Короеяи Шимолӣ бо номи Ялу саршор ва аз соҳилҳо хориҷ шудааст. Ин шаҳр дар марз бо Кореяи Шимолӣ ҷойгир аст. Хабаргузории расмии Синхуаи Чин иттилоъ додааст, ки роҳҳо ва хонаҳо дар шаҳри Дандонг зери об модаанд. Маркази ҳавошиносии Чин хабар додааст, ки дар 24 соати оянда дар манотиқи шимоли шарқӣ, марказӣ ва ҷануби ғарбии Чин боронҳои шадид ва бориши жола дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG