Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тибқи хабарҳо созмондиҳандаи бамгузориҳои Маскав кушта шуд


Бино ба гузоришҳои матбуоти Русия, имрӯз нируҳои амниятии ин кишвар дар як задухӯрд дар Қафқози Шимолӣ чанд тан аз шӯришиёнро ба қатл расондаанд, ки дар миёни онҳо ба эҳтимоли зиёд созмондиҳандаи бамгузориҳои Маскав низ ҳаст. Моҳи март дар ду истгоҳи метрои Маскав бамгузорӣ карда буданд. Дар гузоришҳо аз қавли мақомоти амниятии Русия омадааст, ки дар миёни 5 нафари кушташуда Муҳаммадалӣ Ваҳобов -раҳбари бамгузориҳои Маскав низ будааст, ки дар ҷараёни як амалиёти вижа дар дар Доғистон кушта шудааст. То ҳол нируҳои амниятии Русия вайро ҷустуҷӯ мекарданд. Ҳар ду бамгузории интиҳориро 29-ӯми март дар Маскав ду хонум анҷом дода буданд, ки дар натиҷа 40 нафар кушта, бештар аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба хабарҳо, Ваҳобов шавҳари яке аз онҳо будааст.
XS
SM
MD
LG