Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин нерӯгоҳи атомии Эрон ба кор оғоз кард


Раиси Оҷонси атомии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ ва раиси ширкати «Росатом»-и Русия Сергей Кириенко
Раиси Оҷонси атомии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ ва раиси ширкати «Росатом»-и Русия Сергей Кириенко

Эрон бо рехтани сӯхти ҳастаӣ ба реактори нахустин корхонаи ҳастаии худ марҳалаи ҳассосро барои ба даст овардани номи рамзии кишвари ҳастаӣ паси сар гузошт. Барои расидан ба чунин марҳала Эрон бештар аз 35 сол сарф кард ва чунин мақомро ин кишвар замоне ба даст овард, ки Русия сӯхти ҳастаиро ба реактор рехт.

Баъд аз ин маросим корхонаи ҳастаии Бушеҳр, ки дар сохтмони он як миллиард доллар сарф шудааст, дар оғӯши оташакбозиҳо фурӯ рафт ва билофосила раҳбарони Эрон эълон карданд, ки дар баробари мухолфатҳои ғарб бар зидди барномаҳои ҳастаии Эрон онҳо ба пирӯзӣ расидаанд.

Корхонаи Бушеҳр дар 12-километрии ин шаҳр сохта шудааст ва бо сӯхти ҳастаие ба кор даромад, ки аз Русия оврдаанд. Дар маросими кушоиши ин корхона мақомоти ҳастаии Русия ва Эрон, аз ҷумла Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси Созмони энержии Эрон ва Сергей Кириенко, раиси Оҷонси "Росатом"-и Русия ширкат доштанд. Кириенко дар нишасти хабарӣ гуфт, корхонаи ҳастаии Эрон зери назари бозрасони Оҷонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ ба кор оғоз кард:

"Ба назари мо, сохтмони корхонаи ҳастаӣ дар Бушеҳр намунаи рӯшанест ва ба ҳар кишвар нишон медиҳад, ки агар он муқаррароти мавҷудаи байналмилалиро риоят ва бо Оҷонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ ҳамкории муассиру боз дошта бошад, метавонад ба имконоти истифодаи сулҳомези атом дастрасӣ пайдо кунад".

Аммо Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси Созмони энержии Эрон, гуфт, ки бо вуҷуди фишорҳои кишварҳои ғарбӣ Эрон шоҳиди оғози фаъолияти бузургтарин рамзи фаъолиятҳои ҳастаӣ шудааст. Вай аз Русия барои кӯмак дар сохтмони ин нерӯгоҳ изҳори сипос кард:

"Онҳо бо миллати Эрон ҳамкорӣ карданд. Заминаро барои оғози фаъолиятҳои энержии ҳастаӣ дар ин нерӯгоҳ фароҳам оварданд ва ин кор бо дасти кишвари дӯст ва ҳамсояи мо Русия анҷомид".

Сохтмоне, ки 40 сол тӯл кашид

Нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр
Сохтмони ин корхона дар соли 1974 тавассути донишмандони фаронсавиву Олмонӣ шурӯъ шуд. Дар замони шоҳ Паҳлавӣ ин донишмандон ба сохтмони ду реактор оғоз карда буданд ва сохтмони он тақрибан нисф шуда буд, ки дар соли 1979 инқилоби исломӣ шоҳ Муҳаммад Ризо Паҳлавиро барканор сохт ва корҳои сохтмонӣ муттаваққиф шуд.

Дар давоми 8 соли ҷанги миёни Эрону Ироқ дар солҳои 1980-ум ин корхона ба таври ҷиддӣ осеб дид ва таҷҳизоти онро тороҷ карданд. Аммо дар солҳои 1990-ум сохтмони ин корхонаро Русия идома дод. Гоҳ-гоҳе Русия сохтмонро ба таъхир меандохт ва сабаб пеш меовард, ки Эрон қарзи худро барои сохтмони ин нерӯгоҳ пардохт накардааст.

Акнун баъд аз ба кор даромадани ин корхона Эрон гуфтааст, ки ин корхона аз ҷумлаи яке аз шабакаҳои ҳастаии Эрон хоҳад буд, ки то соли 2020 сохта хоҳанд шуд ва қавл додааст, нерӯи тавлидотии шабакаҳои ҳастаии Эрон то он вақт ба 20 ҳазор мегават хоҳад расид. Чунин кор ба Эрон имкон хоҳад дод, ки газу нафти худро бештар ба хориҷ содир кунад.

Баҳси Ғарб бо Эрон сари нерӯгоҳи Бушеҳр

Дар солҳои сохтмони ин корхона Эрон чаҳор бор ба таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ дучор шуд ва Ғарб бими онро дорад, ки Эрон бо пиёда сохтани барномаҳои ҳастаии худ саранҷом ба эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст хоҳад ёфт. Аммо мақомоти расмии Эрон инкор мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо нерӯи ҳастаии худро барои ҳадафҳои сулҳомез истифода мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, ки ба ин корхона ба унвони корхонаи эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ таваҷҷуҳ нахоҳад кард, зеро Русия қавл додааст, ки сӯхти ҳастаиро таъмин мекунад ва боқимондаи маводи ҳастаиро дубора ба Русия интиқол медиҳад. Ин реактор дар оянда метавонад то ҳазор мегават нерӯ тавлид кунад ва фаъолиятъи он зери назорати шадиди Оҷонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ сурат мегирад.

Ричард Далтон, сафири собиқи Бритониё дар Теҳрон, гуфтааст, фаъолияти ин реакторро доираи васеъи маҳфилҳои байнулмилалӣ қабул доранд, зеро "фаъолияти он қонунист" . Аммо Ҷон Болтон, намояндаи собиқи Амрико дар СММ, ба сулҳомез будани барномаҳои ҳастаии Эрон бовар надорад. Вай дар мусоҳибае бо телевизиёни «Фокс»-и Амрико гуфт, оғози фаъолияти ин реактор роҳи дуввумро барои Эрон боз мекунад ва он роҳи эҷоди аслиҳаи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG