Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон сӯхти ҳастаиро ба реактораш рехт


Эрон рехтани сӯхти ҳастаӣ ба нахустин корхонаи ҳастаии худро шурӯъ кардааст ва он як ҳафтаро дар бар мегирад. Фаъолияти ин корхона дар шаҳри Бушеҳр, воқеъ дар ҷануби Эрон дар ҳузури раҳбарони ниҳодҳои ҳастаии Эрону Русия оғоз шуд. Русия дар сохтмони ин корхона ба Эрон кӯмак кард. Дар эъломияи Созмони Энержии Ҳастаии Эрон омадааст, муҳандисон дар ҳузури бозрасони Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ сӯхти ҳастаиро ба реактор мерезанд. Сохтмони ин корхона борҳо ба таъхир афтод ва он барои Эрон 35 солро дар бар гирифт. Ин корхона дар ҳоле ба фаъолият шурӯъ мекунад, ки кишварҳои Ғарбӣ нигаронанд ва мегӯянд, ки барномаҳои ғанисозии урани Эрон саранҷом ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ мебарад. Аммо Эрон ин гуфтаҳоро қотеона рад мекунад.
XS
SM
MD
LG