Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД ба кӯмаки низомӣ ба Қирғизистон розӣ нашуд


Раҳбарони шаш кишвари узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар мулоқоти худ дар Ереван натавонистанд дар бораи кӯмакҳои ин созмон ба Қирғизистон ба тавофуқ бирасанд. Ҳукумати муваққатии ин кишвар талош дорад дар остонаи интихоботи порламонии моҳи октябр назму суботро таъмин кунад. Баъд аз нооромиҳои қавмии моҳи июн дар ҷунуби Қирғизистон ин кишвар хостори кӯмакҳои низомӣ шудааст. Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон ва мизбони ин мулоқот гуфтааст, машваратҳо барои ҳали ин масъала ҳамоно идома дорад. Қарор аст мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Ереван 22-юми август ба поён расад.
XS
SM
MD
LG