Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти сулҳи Ховари Миёна аз сар гирифта мешавад


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, намояндагони исроиливу фаластинӣ ба хотири азсаргирии музокироти мустақими сулҳи Ховари Миёна ба Амрико даъват мешаванд. Хонум Клинтон дар як баёнияи кӯтоҳ гуфт, мизбонии ин музокиротро рӯзи 2 сентябр дар Вошингтон раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бар ӯҳда хоҳад дошт: “Аз номи давлати Амрико ман сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббосро барои азсаргирии музокироти мустақим ба манзури ҳалли тамоми масоили марбут ба мақоми ниҳоӣ, ки ба бовари мо, то як соли дигар такмил хоҳад шуд, рӯзи 2 сентябр ба Вошингтон даъват мекунам. “
Интизор меравад, “чоргонаи сулҳи Ховари Миёна” - Амрико, ИА, СММ ва Русия – як даъвати муштарак ба шурӯъи дубораи музокироти сулҳро нашр кунанд. Мақомоти Амрико мегӯянд, ин музокирот пиромуни масоили “мақоми ниҳоӣ”-и Батулмуқаддасу марзҳо ва сарнавишти паноҳандагони фаластиниро дар бар хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG