Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 30 муҳофизи қарордодӣ дар Ҳилманд


Пулиси Афғонистон гуфт, дар як набарди тӯлонӣ бо ҷангиёни толиб дар вилояти ошӯбзадаи Ҳилманд 30 ходими хусусии қарордодӣ кушта шуданд. Муовини раиси пулиси Ҳилманд гуфт, афроди кушташуда дар улусволии Сангин муҳофизон буданд. Ба гуфтаи ӯ, чирикиҳо рӯзи панҷшанбе ба посгоҳҳои амниятӣ ҳамла оварда, 15 танро захмӣ ва бақияро таслим мекунанд. Аммо сухангӯи волии Ҳилманд Довуд Аҳмадӣ гуфт, ҳанӯз рӯшан нест, ки қурбониён коргаранд ё муҳофиз. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ҳадафи ҳамла ширкати роҳсозие буд, ки аз маркази вилоят, шаҳри Лашкаргоҳ тавассути Сангину Гиришк ба сӯи сарбанди нирӯгоҳи Каҷакӣ роҳ мекашад. Миллияти кушташудагон низ ҳанӯз дастрас нест.
XS
SM
MD
LG