Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти норавшани клуби «Чайка»


Нина Винокурова, раҳбари клуби «Чайка»,
Нина Винокурова, раҳбари клуби «Чайка»,

Масъулини клуби бачагонаи «Чайка»-и Хуҷанд мегӯянд, ин маркази замоне маъруфи фарҳангӣ ва фароғатӣ дар ҳоли вазнини молӣ қарор дорад ва мақомоти шаҳр мехоҳанд бинои онро ба фурӯш гузоранд.

Нина Винокурова, раҳбари клуби «Чайка», мегӯяд, мақомот иддао доранд, ки сохтмони бино дар роҳи хатҳои барқу об бунёд шудааст ва аз ин хотир ҳеҷ ниҳоде сарпарастии онро бар ӯҳда намегирад. Ба гуфтаи ӯ, мақомот бо пеш овардани ҳар гуна сабабу баҳона қасди фурӯхтани бинои клубро доранд.

Хонум Винокурова мегӯяд, замоне шумори чунин клубҳо дар Хуҷанд ба 8 адад мерасид, вале, мутаасифона, аксари онҳо ба тарабхонаву ҷойҳои тафреҳӣ табдил шуданд. Хонум Винокурова мегӯяд, борҳо ба мақомот муроҷиат кардааст, то ба клуб кӯмак кунанд, вале ҳеҷ ниҳоде ба доди онҳо нарасидааст:

«Дар соли 1991 мақомот омода буданд, ки толори клуби мазкурро фурӯшанд. Ман гуфтам, ки ин клубро мо ҳамроҳи бачаҳо сохтаем, аммо онҳо ба гапи мо гуш намедоданд. Бинои клуб ҳоло валангор шудааст. Ҳам шарҳдорӣ ва ҳам масъулини дигар барои фаъолияти он кӯмак намекунад».

Мирзоаҳмад Аҳмадзода, мудири шӯъбаи маорифи Хуҷанд, ҳам мегӯяд, бори аввал нест, ки барои санҷиши бехатарии клуби мазкур ба ба мақомотҳои зидахл муроҷиат мекунанд, аммо масъулин ба ҳеҷ хулосае нарасидаанд.

Раддияи мақомот

Аммо Қибил Раҳимшехов, масъули идораи хоҷагии манзили шаҳри Хуҷанд, иддаои маъмурияти «Чайка»-ро рад мекунад. Вай мегӯяд, касе барои бозсозии ин толор ба ӯ муроҷиат накардааст: «Беасос ба касе ва ё ба идоре супоридани толор мамнӯъ аст. Шахсан ба ман касе барои кумак ба ин клуб муроҷиат накардааст».

«Чайка» яке аз клубҳои бачагонаи мероси собиқ Шӯравист, ки замоне ҷавонону наврасонро гирд меовард ва макони ҳунаромӯзии садҳо наврасон буд. Ин клуби бачагона дар шаҳри Хуҷанд дар соли 1970 бунёд шудааст.

Фарангис Умарова, як сокини Хуҷанд, мегӯяд, клуби «Чайка» замоне аз ҷойҳои дӯстдоштаи ӯву ҳамсолонаш буд. Аммо вай аз вазъу шароити феълии ин ҳунаристон дар таасуф аст ва мегӯяд, умед надорад, ки касе ин клубро дубора эҳё кунад.

Масъулини ҳукумати Хуҷанд дар ҳоле аз фаъол набудани ин як маркази фарҳангу ҳунар изҳори бехабарӣ мекунанд, ки дар вилояти Суғд бунёди ягон маркази фароғатӣ барои кӯдакон ба чашм намехурад.
XS
SM
MD
LG