Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми мурофиаи парвандаи пурсарусадои Тавилдара


Додгоҳи олии Тоҷикистон 46 нафарро бо ҷурми даст доштан дар нооромиҳои соли гузаштаи Тавилдара ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ ду тан аз ин шуморро ба ҳабси умрбод ва 23 нафарро ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Бақия ба муддати аз 10 то 27 сол равонаи зиндон шуданд.
Гуфта мешавад, 6 тан аз маҳкумин атбоъи Русия буданд, ки якеи онҳо 30 сол ва боқӣ 19-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд.
Амалиёти вижаи нирӯҳои давлатӣ дар тобистони соли 2009 дар Тавилдара, ки зери чатри амалиёти “Кӯкнор-2009” анҷом мешуд, 11 нафар, бо шумули Мирзо Зиёев, вазири собиқи ҳолоти изтирорӣ ва фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифин дар ин минтақаро кушта ба ҷо гузошт. Додгоҳи олӣ қаблан ду фарзанди Мирзо Зиёевро низ барои 28 ва 30 сол маҳкум ба зиндон кард.
XS
SM
MD
LG