Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азсаргирии парвозҳо байни Гурҷистону Русия


“Airzenа”, як ширкати хусусии ҳавопаймоии Гурҷистон рӯзи ҷумъа ба анҷоми парвозҳо дар масири Тифлис-Маскав оғоз кард. Ҳавопаймои “Boeing –737”- и “Airzenа” рӯзи ҷумъа бо 120 мусофир аз Тифлис ба қасди Маскав ба парвоз даромад.
Намояндагони ширкат мегӯянд, барои анҷоми 10 парвози рафту бозгашт ба Маскав то 15 сентябр иҷозат гирифтаанд.
Парвозҳои мустақим байни Русияву Гурҷистон баъд аз ҷанги моҳи августи соли 2008 қатъ шуда буд.
Чанд рӯз пеш як ширкати хусусии Русия низ хабар дод, ки барои анҷоми парвозҳо ба Гурҷистон иҷозат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG