Пайвандҳои дастрасӣ

"Давлати исломӣ" ҳамлаи Бағдодро бар дӯш гирифт


"Давлати исломии Ироқ", як гурӯҳи марбут ба Ал-Қоида масъулияти ҳамлаи интиҳории рӯзи 17 август ба маркази даъват ба артиши Ироқ дар Бағдодро бар дӯш гирифт. Ин гурӯҳ, ки як чатри гурӯҳҳои чирикии суннӣ, бо шумули Ал-Қоидаи Ироқ маҳсуб мешавад, гуфт, ҳадафи бомбгузорӣ “мунофиқини шиъа буд, ки дини худро дар ҷанг алайҳи сунниҳо мефурӯшанд.” Ҳамлаи рӯзи сешанбе дар Бағдод дастикам 58 даъватшавандаву сарбозро кушта ва 130 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG