Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мушаки "Қиём"-ро озмоиш кард


Вазири дифоъи Эрон Аҳмад Ваҳидӣ, ки дар ҷараёни намози ҷумъа дар Теҳрон сӯҳбат мекард, эълон кард, ки кишвараш партоби озмоишии мушаки нави замин-ба-замини навъи “Қиём”-ро бомуваффақият анҷом додааст. Ваҳидӣ маҳалли озмоишро ном набурд, вале телевизиони Эрон навори аз як минтақаи биёбонӣ партоб шудани мушакро намоиш дод.
Ин хабар ҳамагӣ як рӯз қабл аз оғози сӯхтгирӣ барои нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Эрон, ки Русия дар шаҳри бандарии Бушаҳр дар ҷануби Эрон бино мекунад, эълон шуд.
XS
SM
MD
LG