Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври 20-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои истироҳат – 21-ум ва 22-юми август бозиҳои даври 20-уми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд.

21-уми август «Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо "Энергетик»-и Душанбе, ССКА "Помир"-и Душанбе дар майдони худ бо "Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва "Хайр"-и Ваҳдат бо дастаи меҳмон - "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода қувваозмоӣ мекунанд.

22-юми август бозии охирини даври 20-ум байни дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо 40 имтиёз дар ҷои аввал, «Регар-ТадАЗ» бо 39 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Хайр» бо 33 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

16

12

4

0

37-9

40

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

17

12

3

2

50-10

39

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

17

10

3

4

30-18

33

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

17

7

5

5

17-18

26

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

17

6

6

5

20-24

24

6.

«Энергетик» (Душанбе)

17

4

3

10

19-31

15

7.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

17

4

3

10

21-34

15

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

17

3

5

9

19-32

14

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

17

1

2

14

11-48

5


Нишонзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 17 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир», «Регар-ТадАЗ») – 13, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 10, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8.
XS
SM
MD
LG