Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи сабқати варзишгарони ҷавони тоҷик дар Сингапур


Дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур боз се варзишгари тоҷик барои медалҳо мубориза мебаранд.

Сиёвуш Зуҳуров дар мусобиқаи бокс бар асоси қуръакашӣ бидуни рақобат дар даври аввал ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Муштзани тоҷик дар вазни то 91 килограмм 21-уми август бо рақибаш Фабио Турчии итолиёвӣ қувваозмоӣ хоҳад кард. Дар ин вазн ҳамагӣ 6 муштзан аз ИМА, Италия, Куба, Русия, Тоҷикистон ва Туркия рақобат мекунанд.

Агар Сиёвуш дар ин қувваозмоӣ пирӯз шавад, дар финал барои медали тилло мубориза мебарад, вале агар мағлуб шавад, минбаъд барои медали биринҷӣ талош хоҳад кард.

Варзишгари дигари тоҷик - Даврон Атобоев 22-юми август дар давидан ба масофаи 200 метр дар даври ниҳоӣ ширкат меварзад.

Абдуқодир Баротов бошад, дар сабқати ниҳоии гурзандозӣ 23-юми август бо 11 рақибаш барои медали олимпӣ мубориза хоҳад бурд.

Ёдовар мешавем, ки дар Олимпиадаи наврасон дар Сингапур ду варзишгари тоҷик - Шукрона Шарифова дар риштаи таеквон-до WTF медали биринҷӣ ва Баҳодур Қодиров дар гуштии озод медали нуқра ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG