Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар сохтмоне дар Петербург


Як муҳоҷири 19-солаи тоҷик шоми 19 август дар сохтмоне дар ноҳияи Виборги Санкт-Петербург ҳалок шудааст. Бино ба хабарҳо, ӯ Г.Киреев ном дошта, аз қабати 5-уми сохтмоне, ки кор мекард, афтодааст. Киреевро ба Академияи низомии тиббӣ бурдаанд, вале баъди 5 соат ӯ аз олам чашм пӯшид. Табибон мегӯянд, ки ин муҳоҷир аз ноҳияи косахонаи сар ва миёну шикам сахт зарб хӯрда, мағзаш низ осеб дида буд.
XS
SM
MD
LG