Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши роҳзанӣ ва таҷовуз ба номус дар Тоҷикистон


Бино бар омори расмӣ, тайи 7 моҳи аввали соли ҷорӣ мавориди роҳзанӣ ва таҷовуз ба номус дар Тоҷикистон 32 дарсад, куштору қасди куштор – 18 фоиз ва ғоратгарӣ - 9 дарсад боло рафтааст. Дар ин муддат дар кишвар беш аз 1400 ҷинояти сангин сабт шудааст, ки тақрибан панҷяки ҷамъи қонуншиканиҳои содиршударо ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ дар 7 моҳи аввали сол дар Тоҷикистон беш аз 7100 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба соли гузашта 6,7 дарсад камтар будааст.
XS
SM
MD
LG