Пайвандҳои дастрасӣ

252 миллион доллар ваъдаи кӯмакҳои нави АДВ


Бонки осиёии рушд аз соли 2010 то поёни соли 2012 ба Тоҷикистон ба маблағи 252 миллион доллар кӯмак хоҳад расонд.
Макото Оҷиро, намояндаи доимии ин ниҳоди молӣ дар Душанбе дар нишасти хайрбодиаш бо хабарнигорон гуфт, ки ин кӯмакҳо барои беҳбуди шабакаҳои энерживу масирҳои иртибототӣ ва ҳам ба манзури такимли кори бахши хусусӣ масраф хоҳанд шуд. Оҷиро гуфт, алакай то поёни соли ҷорӣ ҷамъи кӯмакҳову қарзҳои ба Душанбе расондаи Бонки осиёии рушд ба 720 миллион доллар хоҳад расид. Оҷиро аз ноябри соли 2007 ба ҳайси намояндаи Бонки осиёӣ дар Душанбе кор мекард.
XS
SM
MD
LG