Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ба дахолат дар парвандаи фасод айбдор шуд


Рӯзномаи амрикоии "The Washington Post" навишт, ки раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай барои раҳоии як мушовираш, ки бо иттиҳоми фасод ва додани пулу тӯҳфа ба муттаҳидин боздошт шуда буд, шахсан дахолат кардааст.
Бино бар ин гузориш, мушовири аршади Карзай Муҳаммадзиё Солеҳӣ ҳамчунин ба далели тамосҳои телефониаш бо чирикиҳои толиб таҳти таҳқиқ қарор дошт.
“The Washington Post" бидуни бурдани ном аз қавли мақомоти афғонии ошно бо ин парванда навишт, қарори ҳабси Солеҳиро худи додситони кулли Афғонистон тавиб карда буд.
Ваҳид Умар, сухангӯи Карзай ин хабарро ташреҳ накард, вале мушовири ҳуқуқии ӯ Насруллоҳ Станакзай ҳар навъ дасти дахолат доштани Карзай дар раҳоии мушовирашро радд кард.
XS
SM
MD
LG