Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбониҳои созмонҳои башардӯстона дар Тоҷикистон


Саидамон Бодамаев, раҳбари муваққати дафтари Созмони ҷаҳонии озуқа дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Саидамон Бодамаев, раҳбари муваққати дафтари Созмони ҷаҳонии озуқа дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар Тоҷикистон омори расмие дар бораи шумораи кормандони кушташудаи созмонҳои башардӯстонаи кӯмакрасон дар солҳои ҷанги дохилӣ ва баъд аз он вуҷуд надорад. Аммо шоҳидони ҳол мегӯянд, ин рақам то ба 10 нафар мерасад.

Саидамон Бодамаев, раҳбари муваққати дафтари Созмони ҷаҳонии озуқа дар шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, аз шаҳодати 6 корманди созмонҳои хайриявии байналмилалӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хабардор аст. Ба гуфтаи ӯ, чаҳор нафар аз кушташудаҳо намояндаи Созмони Милали Муттаҳид ва ду нафари дигар аз созмони байналмилалии «Мерси корпс» будаанд.

Кишвари хатарнок барои созмонҳои хориҷӣ

Ба гуфтаи Саидамон Бодамаев, бар асоси меъёрҳои муқарраркардаи Созмони Милал, дар кишварҳои даргир 5 дараҷаи амният ё «Секюрити Фаза» таъин карда мешуд, ки Тоҷикистон дар дараҷаи 3-юми он қарор дошт, яъне аз ҷумла амнияти шаҳрвандон, ва гузашта аз он, кормандони созмонҳои имдодрасон, пурра таъмин намешуд.

Ҷаноби Бодамаев, ки солҳои тӯлонӣ ба ҳайси корманди созмони байналмилалии хайриявӣ дар кишварҳои ҷангзадае ба мисли Тоҷикистону Сомалӣ фаъолият кардааст, мегӯяд, ҳарчанд ба назар, корманди созмони кӯмакрасон дар солҳои ҷанг ҳеҷ нақше дар саҳнаҳои сиёсию иҷтимоӣ надошт, аммо ҳамоно зиндагӣ ва кори ӯ саршор аз хатару таҳдидҳо буд:

«Дар Тоҷикистон аз солҳои 90-ум то солҳои 2002-2004 фазаи амниятии дараҷаи 3-юм буд. Албатта, кор нисбат ба ҳозира даҳҳо маротиба душвортару хатарноктар буд. Махсусан, вақте ки мо машғул ба тақсимоти озуқа дар назди издиҳом қарор мегирифтем, бисёр хатарнок буд. Зеро ин имкони мувофиқ буд барои гурӯҳҳои силоҳбадаст, ки ҳар коре мехостанд, бо истифода аз ин фурсат метавонистанд анҷом диҳанд. Бахусус барои кормандони мо амнияташон таъмин набуд. Аммо мо ягона умедамон ба ҳамон нафароне буд, ки аз мо кӯмак дарёфт мекарданд. Онҳо моро аз омадан ё ҳамлаҳои эҳтимолӣ хабардор мекарданд…»

Ҳамлаҳо ба гурӯҳҳои кумакрасон


Як корманди собиқи намояндагии Созмони ҷаҳонии озуқа дар Хатлон, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳангоми ҳамлу нақли кӯмакҳои башардӯстона ба сокинони ниёзманди навоҳии дурдасти минтақа, борҳо мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳҳои созмонёфта қарор гирифтааст:

«Рӯзҳое, ки мо бо мошинҳои борбар маводи озуқа мебурдем ба тарафи ноҳияҳои Панҷу Қумсангир, он ҷо боевикҳо бисёр буданд. Мошинҳоро зӯран бо худ мебурданд, бо силоҳ таҳдид мекарданд. Ҳатто вақти тақсимоти озуқа ин роҳзанҳо, ки на Ватан барояшон арзиш дошт, на фоҷеаи одамон, ҳама маводро мегирифтанд, ҳатто кормандони ҳукумат наметавонистанд пеши роҳи онҳоро бигиранд, мегуфтанд, ки бо инҳо сар ба сар намешавем, беҳтараш ҳамин мардум ва мо саломат монем. Моро таҳдид мекарданд, таҳқир мекарданд…»

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, як сабаби аз кор дар Созмони ҷаҳонии озуқа даст кашидани ӯ ҳам маҳз ҳамин таҳдидҳо ба ҷонаш будааст.

Нақши созмонҳои байнулмилалӣ дар барқарории сулҳ

Коршиносон мегӯянд, нақши нозирони оташбас ва кормандони созмонҳои хайриявии байналмилалӣ дар барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ назаррас аст, аммо давлати Тоҷикистон хизмати онҳоро ба сурати лозим қадр накардааст. Ҷалолиддини Маҳмуд, аз намояндаҳои собиқ Комиссияи оштии миллӣ, дар ин иртибот мегӯяд:

«Дар Тоҷикистон маблағҳои зиёде аз ҷониби СММ сарф мешуд. Онҳо воқеан бо вуҷуди он ки ягон намуди замонати ҷонию молӣ барояшон набуд, ҷонбозиҳо ва талошҳои зиёд карданд. Ва билохира, то омадани Комиссияи оштии миллӣ оташбаси комилро дар Тоҷикистон таъмин карданд. Аз хизмати беназири онҳо тамоми мардуми Тоҷикистон шояд донанд. Аммо дар сатҳи сиёсатмадорон онҳо чандон тақдир нашуданд, ҳамон гуна ки аз КОМ фаромӯш карданд, онҳо низ ба боди фаромӯшӣ рафтанд дар Тоҷикистон…»


Сумангул Абдуллоева, як сокини ноҳияи Бохтар, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷумлаи фирориён буд, мегӯяд, маҳз бо кӯмаки ҳамин гуна созмонҳои башардӯстона дубора соҳиби манзил гардида, пас аз ҷанг зиндагиашро дуруст кардааст. Аммо вай мегӯяд, баъзан мақомоти маҳаллӣ ба хотири манофеъи шахсиашон кӯмакҳои башардӯстонаи расидаро ба мардуми ниёзманд аз рӯйи адолат тақсим намекунанд, ки дар натиҷа мардум созмонҳои кӯмакрасонро дар фасод муттаҳам мекунанд:

«Чи қадаре ки мувофиқи нақша кӯмаки ғизоӣ медиҳанд, аз ҷамоати деҳот омада, нисфи ин кӯмакҳоро аз камбағалон мегиранд, мегӯянд, ки ба ҳама аҳолӣ бояд тақсим шавад. Вале боз нафаронеро мебинем, ки хонаи серу пур доранд, мошинҳо ва гову мол доранд, чанд нафар дар як хона кор мекунанд, аммо ҳамоно барои дарёфти «гумпомош» талош мекунанд ва мегиранд. Намедонам, ин ҳама ба кадом ҷанҷолҳо оварда расонд, ки гӯё раиси ноҳия гуфтааст, ки аз ҳамин хел кӯмакҳои башардӯстона даст мекашем. Ҳоло дигар ба мо «гумпомош» намедиҳанд…»

60 миллион кӯмакҳои башардӯстона дар як сол

Ин ҳама дар ҳолест, ки дар Рӯзи ҷаҳонии кӯмакҳои башардӯстона, Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ҳамоно дар дунё наздик ба 10 миллион гуреза ва 27 миллион муҳоҷири дохилӣ, ки бар асари низоъҳо ё офатҳои табиӣ хонавайрон шудаанд, ба дасти кӯмаки кормандони созмонҳои хайриявӣ шадидан ниёз доранд.

Рӯзи ҷаҳонии кӯмакҳои башардӯстона, бо қарори СММ, дар тамоми дунё аз сар аз 19 августи соли 2008 қайд карда мешавад. Сабаби қайди ин сана, як амалиёти тахрибкорӣ дар Бағдод, 19 августи соли 2003, шудааст, ки бар асари он 22 корманди СММ ба ҳалокат расидаанд.

Тоҷикистон ҳамасола аз кишварҳо ва созмонҳои кӯмакрасон, ёриҳои башардӯстона дар шакли маводи дорувор ва озуқа дарёфт мекунад. Имсол 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, Қазоқистон, Олмон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ кӯмакҳои башардӯстона расонидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG