Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҳаҷ арзонтар, вале аз лиҳози синн маҳдуд шуд


Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, қимати сафари Ҳаҷҷ имсол арзонтар шуда, 3191 долларро ташкил медиҳад. Соли гузашта ҳазинаи сафари Маккаву Мадина ба зоирини тоҷик 3342 доллар тамом мешуд.
Абдуғаффор Юсупов, сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили Ҳаҷи Кумитаи дин ба радиои Озодӣ ҳамчунин гуфт, сабти номи хоҳишмандони сафари Ҳаҷ аз 11 то 31 август анҷом шуда, дар роҳи сафари Хонаи Худо имсол як силсила маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд: “Бар асоси дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба Ҳаҷ ва Умра, танҳо ба сокинони аз 18-сола то 80-сола барои сафари ҳаҷ иҷоза дода мешавад. Дигар маҳдудият ин аст, ки тибқи супориши раиси кумита, дар дафтари қайди баҳаҷравандагон сутуни иловагие барои нишон додани манбаъи даромад дохил карда шуд.”
Қарор аст, имсол аз Тоҷикистон 5500 нафар ба сафари Ҳаҷ бароянд. Соли гузашта квотаи Ҳаҷ барои Тоҷикистон 5000 буд.
XS
SM
MD
LG