Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати шашкабози навраси тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ


Фирӯз Шарифов, варзишгари ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шашкаи русӣ ё шашкаи 64 байни наврасон, ки аз 20-ум то 29-уми август дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард.

Дар ин бора Абдусаттор Шодиев, мураббии мактаби варзишии кӯдакону наврасони шумораи 2-и шаҳри Исфара, ба радиои Озодӣ хабар дод. Вай дар бораи шогирдаш чунин гуфт: «Фирӯз Шарифов, хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи шумораи 5-и шаҳри Исфара, қаҳрамони шашкаи Тоҷикистон байни наврасон дар солҳои 2009 ва 2010 мебошад. Фирӯз соли 2007-ум дар сабқати қаҳрамонии Осиё дар шаҳи Тошканди Узбакистон миёни ҳамсолонаш ҷои севумро касб карда, барандаи медали биринҷӣ шуда буд. Хароҷоти сафари моро ба шаҳри Санкт-Петербург мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара пардохт намуд».

Ба гуфтаи Абдусаттор Шодиев барои аввалин бор аст, ки намояндагони Тоҷикистон дар сабқати ҷаҳонӣ оид ба шашкаи русӣ байни наврасон ширкат меварзанд.

Дар ин мусобиқа, ки бо ширкати беш аз 200 варзишгари аз 10 то 19-сола аз 21 кишвари ҷаҳон байни писарону духтарон дар чор гурӯҳ доир мешавад, Фирӯз Шарифов дар гурӯҳи кадетҳо (писарони то 16-сола) бозӣ хоҳад кард. Ба ин гурӯҳ 25 нафар шомиланд.
XS
SM
MD
LG